Абдуғаффор Юлдошев сармураббии ССКА “Помир” таъин шуд


Абдуғаффор Юлдошев (аз рост) ва Иштван Секич (аз чап) .Абдуғаффор Юлдошев сармураббии дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон – ССКА «Помир»-и Душанбе таъин шуд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Хабир Давлатов, сардори дастаи ССКА “Помир”, хабар дод.  Вай гуфт, «Абдуғаффор Юлдошев 18-уми июл ба аъзои даста ба ҳайси сармураббӣ муаррифӣ шуд. Инчунин ба вазифаи мураббии мушовири бошгоҳи футболи ССКА «Помир» Иштван Секеч даъват шудааст. Раҳбарияти бошгоҳи футболи ССКА «Помир» бо ҳарду рӯзи душанбе, 22-юми июл қарордод ба тасвиб мерасонад.»

 Ёдовар мешавем, ки мохи майи соли равон Ҳусейн Шодиев, сармураббии дастаи ССКА “Помир”, бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо дода буд. Инчунин, бошгоҳи футболи ССКА “Помир” аз хидмати Зоир Бобоев ба ҳайси мураббии мушовир даст кашид.

​ССКА “Помир” дар бозиҳои минбаъдаи давраи аввали мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Раҳматулло Фузайлов, капитан ва муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста, ширкат кард.

Бояд гуфт, ки ССКА “Помир” дар 9 бозии давраи аввали мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон 3 бозиро мусовӣ анҷом дода, дар 6 бозии дигар шикаст хӯрдааст ва ҳоло бо ҳамагӣ 3 имтиёз дар байни 10 даста дар мақоми 9-ум қарор дорад.

Абдуғаффор Юлдошеви 46-сола дар дастаи «Помир»-и Душанбе дар муддати 10 сол (1977 – 1987) 263 бозӣ карда, 13 гол задааст. Аз соли 1988 вай дар дастаи «Помир» ба ҳайси мураббӣ-селексионер кор кардааст. Вай ба унвони баланди «Устоди варзиши СССР» ва унвони фахрии «Мураббии шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гаштааст. Дар замони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, инчунин, ба вазифаи мураббии тими миллии кишвар таъин шуда буд.

Мутахассиси пуртаҷриба Иштван Секечи 73-сола, ки дорои унвони фахрии «Мураббии шоистаи Тоҷикистон» мебошад, дар дастаҳои мухталифи шӯравӣ, минҷумла «Помир»-и Душанбе (1973-1978), дар замони истиқлолияти Тоҷикистон дар бошгоҳҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (2003-2005) ва ССКА «Помир»-и Душанбе (2006) дар вазифаи сармураббӣ кор кардааст.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s