ФИФА чазои АФК, Конфедеросюни футболи Осие нисбат ба бозигари «Регар» ТадАЗ Наим Носиров ташдид кард ва хамакнун Наим дар муддати махрумияти шашмохааш аз футбол дар бозихои байнулмилали низ хакки иштирокро нахохад дошт, манзур бозихое ки зери парчами ФИФА низ мегзаранд.

Кумитаи ахлоқи АФК дар нимаи январ Наим Носировро барои ним сол аз футбол маҳрум карда буд.

Наим Носиров дар бозии нимниҳоии Ҷоми президенти АФК миёни «Регар» ТадАЗ ва «Ишқобод», ки дар таърихи 19 сентябри соли 2008 дар шаҳри Бишкек баргузор шуда буд, пас аз супоридани допинг-тест маълум шуд, ки ӯ кадом як маводи манъшударо истифода бурда будааст. Ин мавод Carboxy-THC ном доштааст. Сӯҳроб Қосимов, президенти Федеросюни футболи Тоҷикистон дар як сӯҳбати ахири расонаии худ гуфта буд, он замон дар хонадони Наим чӣ фоҷеае рух дода будааст ва бозигар маводи зиддирӯҳафтодагӣ истеъмол карда будааст.

Ҳамакнун, Наим Носиров ҳақ надорад, ки то 15 майи соли 2009 дар ягон бозие, чӣ миллӣ ва чӣ байнулмилалӣ, ва ҳатто дар бозиҳои санҷишиву рафиқона низ иштирок намояд.

Бояд гуфт, ки ин камтарин ҷазоест, ки барои ин гуна ҷурмҳо пешбинӣ мешуд. Ҳадди аксари ҷазо се сол буд, ва аммо бо дархостҳои Федеросюни футболи Тоҷикистон (ба қавли Сӯҳроб Қосимов) ва дастаи “Регар” ТАдАЗ (ба қавли Маҳмадҷон Ҳабибуллоев) ҳадди ақалли ҷазо ба Наим Носиров таъин гардид.