Oliveira is Back

Жаилтон Оливейра, бозигари брозилиягӣ ба «Регар» ТадАЗ бармегардад.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар» ТадАЗ, ба хабаргузории «Варзиш-Спорт» гуфтааст, муҳоҷими брозилиягӣ, ки соли 2008 дар ҳайати ҷомдори секаратаи президенти АФК бозӣ карда буд, боз ба Турсунзода бармегардад. Ҷаноби сармураббӣ гуфтааст, коғазбозиҳои ин гузариш қариб ба анҷом расидаанд. Оливейра дар соли гузашта дар дастаи «Ботафого»-и лигаи «А»-и Бразилия (!) бозӣ мекард. Оливейра (Victor Simões de Oliveira) соли 1981 дар Рио-де-Жанейро таваллуд шудааст ва дар дастаҳои «Фламенго» Бразилия (1999-2003), «Жерминал Беерсхот» Белгия (2003, 2006) «Брюгге» Белгия (2004-2005), «Фигейренсе» Бразилия (2006), «Чуннам Драгонс» Кореяи Ҷанубӣ (2007), «Регар» ТадАЗ (2008), «Ботафого» Бразилия (2009) бозӣ кардааст.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ҳамчунин гуфтааст, ба дастааш фарангии дигар – Чарлз Накутӣ низ бармегардад. Чарлзро «Регар» ТадАЗ дар соли 2009 ба ССКА «Помир» ба иҷора дода буд.

«Регар» ТадАЗ рӯзи душанбеи 11-уми январ аз хоби зимистона бедор мешавад, (яъне, аз истироҳат мебарояд) ва дар тамрингоҳи «Ширкент»-и худ ба кор оғоз мекунад.

Эҳтимол дорад, ки ба ин тамрино муҳоҷими мунтахаби ҷавонон Шодибек Ғаффоров низ бипайвандад. Шодибек Ғаффоров, ки соли гузашта дар ҳайати «Энергетик» 7 гол зада буд, ҳанӯз бо «Энергетик» шартномаи нав набастааст ва падараш – Идибек Ғаффоров гуфтааст, «Регар» ТадАЗ низ ба муҳоҷими ҷавон чашм дӯхтааст.